• Асосӣ
  • Шаҳру ноҳияҳо
    • Бохтар
    • Кӯлоб
    • Левакант
    • Норак
    • Абдураҳмони Ҷомӣ
    • Вахш
    • Дӯстӣ
    • Ёвон
    • Кӯшониён
    • Қубодиён
    • Носири Хусрав
    • Панҷ
    • Хуросон
    • Ҷайҳун
    • Ҷалолиддини Балхӣ
    • Балҷувон
    • Восеъ
    • Данғара
    • Муъминобод
    • Темурмилак
    • Фархор
    • Ховалинг
    • Ҳамадонӣ
    • Шамсиддин Шоҳин
    • Шаҳритус
  • Ширкатҳои Сайёҳӣ
    • Ориёи
    • Сари ХосорТревел
    • Пули Сангин
    • Сайёҳ асри 21
    • Морхур
    • Экспедитсияи Осиёи Марказӣ
    • Сайри ҷаҳон
    • Ховалинг Фрилэнд Эдвенчер
    • Нодир Тур
    • Муҳофиз
    • Сафари Дашти Ҷум
    • М. Бухорӣ
    • Сайди роҳ
    • Сайди Тагноб
    • Шоҳин
    • Сайри Мунк
    • Садои Куҳсор
    • Туризми бо воситаи Ҷомеа асосёфта
  • Инфрасохтор
    • Меҳмонхонаҳо
    • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
    • Тарабхонаҳо
    • Осорхонаҳо
    • Ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ
    • Чойхонаҳо
    • Хизматрасониҳои бонкӣ
    • Гестхоус Хомстей
    • Ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ
    • Зиёратгоҳҳо
    • Боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ
    • Мағозаи армуғонҳо
    • Маркази иттилоотӣ
  • Забонҳо
    • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
  • Без рубрики

КӮШОНИЁН ёде аз гузаштагони пурифтихор

28.03.2023 / adminka / 0 Comments

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАРИ ТАЪРИХӢ.

Кӯшониён (собиқ ноҳияи Бохтар) дар вилояти Хатлон яке аз ноҳияҳои калонтарину серсоҳа ба ҳисоб рафта, масоҳаташ 556 км2 буда, ба 1 январи соли 2018 дар ноҳия 236215 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Зичии аҳолӣ дар 1 км2 424 нафарро ташкил медиҳад. Маркази маъмурии ноҳия шаҳраки ба номи Исмоили Сомонӣ мебошад. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Душанбе 110 км, то шаҳри Бохтар 8 км аст. Ноҳияи Кӯшониён дар қисмати шимолӣ бо ноҳияи Вахш, дар қисмати шарқӣ бо ноҳияи Левакант, дар қисмати ҷанубӣ бо ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ ва дар қисмати ғарбӣ бо шаҳри Бохтар ҳамсарҳад мебошад. Аз рӯи маъхазҳои таърихӣ ноҳияи Кӯшониён солҳои 30-юми асри ХХ таъсис ёфта, маркази ноҳия ва гирду атрофии онро «Чечка» меномиданд, сипас онро Октябр номгузорӣ намуданд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дархости аҳолии ноҳия 28 декабри соли 1991 дар Иҷлосияи 8-уми Шӯрои вакилони хаклқи ноҳия дар баробари дигар масъалаҳо масъалаи иваз намудани номи ноҳия низ дида баромада шуда, номи Коммунистӣ ба Бохтар иваз карда шуд. Сипас, бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2018, № 511 номи Бохтар ба номи Кӯшониён иваз карда шуд.

МАВЗЕЪҲОИҶОЛИБИ САЙЁҲӢ

Ноҳияи Кушониён бо соҳили пуртуғёни дарёи Вахш оғоз мегардад. Дарёи Вахш барои ҳар як бинанда ё худ сайёҳ диққатҷалбкунанда буда, оби он кабуду зулол, соф, сард ва пуртуғён мебошад. Дарёи Вахш аз дараҳои чуқур гузашта, 170 км болотар аз резишгоҳаш ба водии васеи Вахш мебарояд ва ба якчанд шохаҳо тақсим мешавад. Манбаи оби дарё асосан пирях ва барф аст. “Вахш” – Охшо, Оахшо номи олиҳаи обу обёрӣ мебошад. Яқин аст, ки аз калимаи “вахшу”-и форсии қадим баромадааст. Дар забонҳои қадима Вахш ба маънои “руҳ” истифода шуда, баъзан “оби ҷорӣ” – ро низ ифода мекардааст. Минбаъд ва ҳоло номи ин олиҳаи қадимаро танҳо яке аз шохаҳои дарёҳои Панҷу Аму, яъне дарёи Вахш нигоҳ доштааст. Инчунин дар ноҳия осорхонаи таърихӣ ва ҳайкалу лавҳаҳои гуногуни таърихӣ мавҷуд мебошанд.

ИНФРОСОХТОРИ САЙЁҲӢ    

Кушониён барои қабули меҳмонон тамоми шароитҳои заруриро дорост. Дар шаҳраки Бӯстонқалъа макони истироҳатию фароғатии Аквопарк мебошад, ки кӯдакон ба он ҷо рафта истироҳат, оббозӣ, тамошо ва сайругашт мекунанд.

Инчунин, дар маркази шаҳраки Бӯстонқалъа Чойхонаи замонавӣ ҷойгир аст, ки аз тарафи ҳунармандони мардумӣ ва чирадаст бо усулҳои гуногуни меъмориву ҳунармандӣ, бо тарҳи муосир ва ороиши хеле ҷаззобу зебо сохта шудааст. Чойхонаи мазкур маҳсули дасти ҳунармандон буда, тамошобоб, диққатҷалбкунанда ва истироҳатию фароғатист. Дар ин ҷо хӯроку таомҳои миллии хушлаззат омода карда мешавад. Сайёҳон дар қисмати дигари ин шаҳрак аз Меҳмонхонаи “Сайёҳ” метавонанд истифода намоянд. Ин Меҳмонхона бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сохта ба истифода дода шуда, яке аз меҳмонхонаҳои муосир мебошад. Меҳмонхонаи “Сайёҳ” аз 24 адад ҳуҷра, 8 ададаш люкс боқимондааш одӣ буда, дар як вақт ба 48 нафар хизмат расонида метавонад. Аз рӯи фармоиш хӯрокҳои гуногуни болаззат омода карда мешаванд, сифати хӯрок ва хизматрасонӣ хеле хуб аст.

 

Добавить комментарий Отменить ответ

Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.

« Яван
KUSHONIYON AMEMORY OF OURGLORIOUS FOREFATHER »

Ҷустуҷӯ

Хабарҳои охирин

  • Program of the International Tourism Forum and Exhibition «Welcome to Ancient Khatlon» 20.02.2024
  • ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ МАРҲАБО БА ХАТЛОНИ БОСТОН TOURISM FORUM AND EXHIBITION WELCOME TO ANCIENT KHATLON 20.02.2024
  • Натиҷагирии фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 09.01.2024
  • Achievements of the tourism sector of the Khatlon region 18.12.2023
  • Мақбараи Мавлоно Қутбиддини Нишопурӣ/Мавзолей Мавлоно Кутбиддина Нишопури/Mausoleum of Mavlono Qutbuddin Nishopuri 04.12.2023

Хазина

  • Февраль 2024 (2)
  • Январь 2024 (1)
  • Декабрь 2023 (2)
  • Ноябрь 2023 (5)
  • Октябрь 2023 (9)
  • Сентябрь 2023 (7)
  • Август 2023 (2)
  • Июль 2023 (13)
  • Май 2023 (5)
  • Апрель 2023 (1)
  • Март 2023 (30)
  • Февраль 2023 (21)
  • Январь 2023 (16)
  • Декабрь 2022 (8)
  • Ноябрь 2022 (7)
  • Август 2022 (9)
  • Июль 2022 (4)
  • Апрель 2021 (11)
  • Март 2021 (8)
  • Июль 2020 (4)
  • Июнь 2020 (6)
  • Апрель 2020 (2)
  • Март 2020 (2)
  • Февраль 2020 (2)
  • Январь 2020 (2)
  • Октябрь 2019 (3)
  • Июль 2019 (3)
  • Июнь 2019 (6)
  • Май 2019 (3)

Бахшҳо

  • Без рубрики
  • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
  • Мавзеҳои сайёҳӣ
  • Тарабхонаҳо
  • Чойхонаҳо

© 2019 Шуъбаи рушди сайёҳӣ.