• Асосӣ
  • Шаҳру ноҳияҳо
    • Бохтар
    • Кӯлоб
    • Левакант
    • Норак
    • Абдураҳмони Ҷомӣ
    • Вахш
    • Дӯстӣ
    • Ёвон
    • Кӯшониён
    • Қубодиён
    • Носири Хусрав
    • Панҷ
    • Хуросон
    • Ҷайҳун
    • Ҷалолиддини Балхӣ
    • Балҷувон
    • Восеъ
    • Данғара
    • Муъминобод
    • Темурмилак
    • Фархор
    • Ховалинг
    • Ҳамадонӣ
    • Шамсиддин Шоҳин
    • Шаҳритус
  • Ширкатҳои Сайёҳӣ
    • Ориёи
    • Сари ХосорТревел
    • Пули Сангин
    • Сайёҳ асри 21
    • Морхур
    • Экспедитсияи Осиёи Марказӣ
    • Сайри ҷаҳон
    • Ховалинг Фрилэнд Эдвенчер
    • Нодир Тур
    • Муҳофиз
    • Сафари Дашти Ҷум
    • М. Бухорӣ
    • Сайди роҳ
    • Сайди Тагноб
    • Шоҳин
    • Сайри Мунк
    • Садои Куҳсор
    • Туризми бо воситаи Ҷомеа асосёфта
  • Инфрасохтор
    • Меҳмонхонаҳо
    • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
    • Тарабхонаҳо
    • Осорхонаҳо
    • Ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ
    • Чойхонаҳо
    • Хизматрасониҳои бонкӣ
    • Гестхоус Хомстей
    • Ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ
    • Зиёратгоҳҳо
    • Боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ
    • Мағозаи армуғонҳо
    • Маркази иттилоотӣ
  • Забонҳо
    • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
  • Мавзеҳои сайёҳӣ

КӮЛОБ – ШАҲРИ ДАЛЕРОН

27.02.2023 / adminka / 0 Comments

Кӯлоб аз ҷумлаи қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Вусто маҳсуб шуда, бо таърихи куҳани худ таваҷҷухи олимону сайёҳони оламро ба худ ҷалб сохтааст. Таърихи беш аз 2700-сола доштани ин шаҳрро ҳафриёти гуногуни бостоншиносон шаҳодат дода, дар таърихномаҳо Кӯлоб ҳамчун шаҳри обод бо мардуми ҳунарманд ва дар айни замон далеру ҷасур зикр ёфтааст. Дар солҳои 1993-1994 бостоншиносон Павел Самойлик ва Музаффар Азизов аз шафати оромгоҳи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ хумдонеро пайдо карданд, ки ба асри ҳафти пеш аз мелод мансуб буд, яъне 2700 сол умр дошт.

Омӯзиши таърихи Кӯлоб бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2001-ум шурӯъ шуда, то кунун идома дорад. Дар атрофи шаҳри Кӯлоб бостоншиносон беш аз 200 – ҳандақро мавриди омӯзиш қарор доданд, ки панҷтои он дар ҳудуди хумдонҳои мақбараи Мири Кабир маҳфузанд. Бостоншиносон дар ҳар қабати хоки ин ҳандақхо, ки андозаи онҳо ба 1,5-2 метр мерасад шумораи зиёди сафолпораҳоро дарёфт карданд, ки аз осори тамаддуни салтанати Ҳахоманишиён гувоҳӣ медиҳад.

Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ.

      Дар Кӯлоб барои сайёҳон маконҳои ҷолиб зиёданд, ки маъруфтаринашон инҳо мебошанд: Муҷтамаи 2700-солагии Кӯлоб, Осорхонаи таърихии Кӯлоб, Осорхонаи шоирон Сайдалӣ Вализода ва Ашӯр Сафар, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, майдонҳои Парчами миллӣ ва Нишони давлатӣ, муҷассамаи “Модар”, муҷассамаи “Оила”, муҷассамаи “Шаҳидони ҷанги дуюми ҷаҳон”, муҷассамаи шоири тавонои Кӯлоб Шамсиддин Шоҳин, оромгоҳи ҳакими машриқзамин Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, оромгоҳи Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, чашмаи пурмоҳии “Девоначанор”, оромгоҳи Хоҷағоиб (шахсиятҳои шинохтаи Кӯлоб дафн шудаанд) ва ғайра.

     Инфрасохтори хизматрасонӣ.

    Дар шаҳри Кӯлоб барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла вобаста ба хизматрасонии нақлиётӣ бояд гуфт, ки дар шаҳри Кӯлоб Фурудгоҳи байналмиллалӣ, Истгоҳи роҳи оҳан ва терминали мусофирбарӣ фаъолият мекунад.

Ҷойи зикр аст, ки ба тамоми гушаву канори шаҳри Кӯлоб ва берун аз он хатсайри нақлиётӣ бо нархҳои арзон мавҷуд мебошад. Ҳамзамон, ба ғайр аз он, ки дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳо камаш як мағозаи савдои молҳои омехта мавҷуд аст, инчунин 4 бозори калон (бозори марказии “Саховат”, бозори “Сомонӣ”, бозори “Якуми май” ва “Деҳқонбозор”) дар хизмати сокинон ва меҳмонон қарор дорад. Дар ин бозорҳо савдогарон аслан ба фуруши либос, хӯрока, маҳсулотҳои кишоварзӣ ва дигар ашёи ниёзи мардум машғул мебошанд.

Сатҳи хизматрасонии тиббӣ низ ба талаботи муосир ҷавобгӯ буда, дар шаҳру деҳоти Кӯлоб шумораи умумии муассисаҳои тандурустӣ 101 адад мебошанд. Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳри Кўлоб 80 адад дорухонаҳо фаъолият менамоянд, ки дорои сертификати сифат мебошанд.

Инчунин, дар шаҳри Кӯлоб се ҳаммоми ҷамъиятӣ ва як ҳавзи болопӯшидаи шиноварӣ мавҷуд мебошад. Маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб бошад соли 2014 ба истифода дода шуда, дорои толорҳои гуштин, толори саққабозӣ, тринажор, тенис, инчунин ду толори калон: дар ошёнаи якум толор бо 3500 ҷойи ниишаст ва дар ошёнаи дуюм толор барои 300 ҷойи нишаст барои тамошобинон ихтисос дода шудааст.

Дар шаҳри Кӯлоб ҳафт меҳмонхона “Хатлон”, “Кӯлоб”, “Чинор”, “Кӯлоб-Помир”, “Роҳи абрешим”, “Доро” ва “Шоми Кӯлоб” фаъолият мекунад, ки бо тамоми шароиятҳои муосир таъмин мебошанд.

Добавить комментарий Отменить ответ

Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.

« БОХТАР город цветов
KULOB the city of valiants »

Ҷустуҷӯ

Хабарҳои охирин

  • Program of the International Tourism Forum and Exhibition «Welcome to Ancient Khatlon» 20.02.2024
  • ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ МАРҲАБО БА ХАТЛОНИ БОСТОН TOURISM FORUM AND EXHIBITION WELCOME TO ANCIENT KHATLON 20.02.2024
  • Натиҷагирии фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 09.01.2024
  • Achievements of the tourism sector of the Khatlon region 18.12.2023
  • Мақбараи Мавлоно Қутбиддини Нишопурӣ/Мавзолей Мавлоно Кутбиддина Нишопури/Mausoleum of Mavlono Qutbuddin Nishopuri 04.12.2023

Хазина

  • Февраль 2024 (2)
  • Январь 2024 (1)
  • Декабрь 2023 (2)
  • Ноябрь 2023 (5)
  • Октябрь 2023 (9)
  • Сентябрь 2023 (7)
  • Август 2023 (2)
  • Июль 2023 (13)
  • Май 2023 (5)
  • Апрель 2023 (1)
  • Март 2023 (30)
  • Февраль 2023 (21)
  • Январь 2023 (16)
  • Декабрь 2022 (8)
  • Ноябрь 2022 (7)
  • Август 2022 (9)
  • Июль 2022 (4)
  • Апрель 2021 (11)
  • Март 2021 (8)
  • Июль 2020 (4)
  • Июнь 2020 (6)
  • Апрель 2020 (2)
  • Март 2020 (2)
  • Февраль 2020 (2)
  • Январь 2020 (2)
  • Октябрь 2019 (3)
  • Июль 2019 (3)
  • Июнь 2019 (6)
  • Май 2019 (3)

Бахшҳо

  • Без рубрики
  • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
  • Мавзеҳои сайёҳӣ
  • Тарабхонаҳо
  • Чойхонаҳо

© 2019 Шуъбаи рушди сайёҳӣ.