Дайри буддоии Аҷинатеппа аз маркази ноҳияи Вахш 11 км дур дар ҷамоати шаҳраки Киров воқеъ буда, харобаи ёдгориҳои дини буддои нимаи асри VII ва ибтидои асри VIII мебошад.
Соли 1959 дар масфаи 3 км аз тарафи олим Т.И. Зеймал кашф гардидааст.Соли 1960 ҳафриёти аввалин гузаронида шуд. Аз соли 1961 отряди Экспедитсияи архиологии Тоҷикистони Ҷанубӣ таҳти роҳбарии Б.А. Литвинский ва Т.И. Зеймал татқиқот мебарад.
Аҷинатеппа,
яъне, теппаи ҷинҳо меномиданд. То солҳои
50 — ум ақидае буд, ки гӯё то ҳол
дар он ҷо ҷинҳо сукунат доштанд ва гоҳҳо
шабҳо ба ҷилва меомаданд. Дар вақти
боронгарӣ сару рӯйи яке аз онҳо
намудор шуда, боиси тарсу ваҳми мардум мегашт.
Касони боҷуръаттари атеист кӯшиш мекарданд, ки байни онҳо
дароянд, вале аз дидани ғорҳои
бешумор ба тааҷҷуб афтода, аз роҳи худ мегаштанд. Шабҳо
дар он ғорҳои бешумор гургону шағолон
ҷой гирифта, нӯла кашида, мисли хандаи
одамӣ садоҳо мебароварданд. Вале онро
мардуми атроф овози ҷинҳо
мепиндошт. Оқибат, олимони бостоншиноси Академияи илмҳо
ба ҷустуҷӯ оғоз
карданд.
Маълум гашт, ки ин теппаҳои пурасрор, дарвоқеъ
пур аз ҷинҳо будаанд. Вале на дар шакли ҷисми
зинда, балки ҳайкалҳои аз сангу гаҷу
гил офарида. Дар асрҳои аввали мелодӣ
Кушониён дар айни авҷи кеши зардуштия ва
митропарастӣ дини буддоиро аз Ҳиндустон
оварда, ба Чин ва дигар кишварҳои Осиёи ҷанубӣ паҳн
намуданд. Бо ин сабаб, муҷассамаҳои
зиёде оварданд ва дар маҳалҳо
ба бунёди онҳо шурӯъ намуданд. Ин кеш ба як қисми
мардум писанд наомад ва азбаски дар фалсафаи он унсурҳои
зиёди нимафсонавӣ чун ҷину
ҷинзодаҳо, маъбуду мавҷудоти
ғайримоддӣ ҷой
доштанд, сокинони маҳаллӣ муҷассамаҳоро
бо мазаммат ҷину аҷина гуфтанд. Бостоншиносон
пас аз андаке ҷустуҷӯ нахустин «ҷинҳо»
— муҷассамаҳои на чандон калони зану
мардҳои зеборо пайдо карданд. Ҳисоби
онҳо аз якуним ҳазор адад беш
будааст. Пас аз истилои арабҳо ҳама
тамаддуни тоисломиро моли даврони ҷоҳилия
ва макруҳ эълом намуданд. Пас аз ин, вожаҳои
буддоӣ аз ёди мардум фаромӯш
шуданд, вале унвони халқ «кеши ҷину
парӣ» боқӣ монд. Пас аз ҳазор
сол, албатта, касе гумон ҳам карда наметавонист, ки
дар ин теппачаҳои назарногир дар байни майдонҳои
пахтазор санъати деринаи олӣ вуҷуд
дошта метавонад.
То соли 1973 Аҷинатеппа пурра тасдиқ шуд. Аҷинатеппа бинои росткунҷаест, ки вусъаташ 100×50 метр, баландиаш 6 метр аз ду қисми бо роҳрав пайваста иборат аст, ки шартан “дайр” ва “маъбад” номида шудаанд. Иморати ҳар як қисми бино аз рӯи тарҳи иморатсозии чорайвона бино ёфтааст. Бино аз похса ва хишти хом таҳкурсии он аз хишти пухта сохта шудааст. Фарши ҳуҷраҳои рӯи ҳавли ва девори биноҳои ибодатгоҳ бо хишти пухта рӯйкаш шудаанд. Равоқҳо камбар аз биноҳо гумбазнок буданд. Дар маркази ними “дайр” ҳавлии чоркунҷае ҳаст(19×19), ки дар атрофи он хуҷраҳо, ибодатгоҳ, толор биноҳои хоҷаги ҷой гирифтаанд. Ҳамаи ин биноҳоро роҳрав байни худ мепайвандад. Ороиши меъмории ибодатгоҳи дайр мураккаб, шифту девор, нақшу нигор муҷассамаи бисёр дошт. Дар яке аз роҳравҳо муҷассамаи 12 метраи якпаҳлуи хобида буддо ва дар такчаҳо муҷассамаи хурди буддоҳои нишаста ёфт шудаанд. Муҷассамаи мазкур айни замон дар намоишгоҳи осорхонаи Бостоншиносии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шудааст. Муҷассамаҳо аз гил сохта рангубор дода шудаанд.
Тасвироти Аҷинатеппа дар асоси анъанаҳои наққошии ҳамонзамонаи Осиёи Миёна ба ҷо оварда шудааст. Нақши иблис, роҳиб ва одамони оддӣ низ ҳастанд. Дар вақти ҳафриёти Аҷинатеппа бисёр бозёфти шайъи: сафол, мануоти шишагӣ ва фузулӣ, тангаҳо ёфт шудаанд. Хусусан тангаҳо ҷолиби диққатанд. Аҷинатеппа тақрибан 100 сол вуҷуд дошт ва дар солҳои 40-уми асри 8 дар дар рафти истилои Арабҳо тадриҷан Хароб гардид. Ҳафриёти Аҷинатеппа аҳамияти калони илмӣ дорад. Аҷинатеппа нахустин ёдгории буддоӣ дар Осиёи Миёна аст, ки пурра тадқиқ карда шудааст.
Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.