Дар шаҳри Бохтар бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо ҷалби коршиноси байналмилалӣ аз Федератсияи Россия барои кормандони соҳаи сайёҳӣ, донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ таҳсилдошта ва ширкатҳои сайёҳии вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ дар самти таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, брендинги минтақавӣ ва таҳияи хатсайрҳои ҷолиби сайёҳӣ доир гардид.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад.
Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.