• Асосӣ
  • Шаҳру ноҳияҳо
    • Бохтар
    • Кӯлоб
    • Левакант
    • Норак
    • Абдураҳмони Ҷомӣ
    • Вахш
    • Дӯстӣ
    • Ёвон
    • Кӯшониён
    • Қубодиён
    • Носири Хусрав
    • Панҷ
    • Хуросон
    • Ҷайҳун
    • Ҷалолиддини Балхӣ
    • Балҷувон
    • Восеъ
    • Данғара
    • Муъминобод
    • Темурмилак
    • Фархор
    • Ховалинг
    • Ҳамадонӣ
    • Шамсиддин Шоҳин
    • Шаҳритус
  • Ширкатҳои Сайёҳӣ
    • Ориёи
    • Сари ХосорТревел
    • Пули Сангин
    • Сайёҳ асри 21
    • Морхур
    • Экспедитсияи Осиёи Марказӣ
    • Сайри ҷаҳон
    • Ховалинг Фрилэнд Эдвенчер
    • Нодир Тур
    • Муҳофиз
    • Сафари Дашти Ҷум
    • М. Бухорӣ
    • Сайди роҳ
    • Сайди Тагноб
    • Шоҳин
    • Сайри Мунк
    • Садои Куҳсор
    • Туризми бо воситаи Ҷомеа асосёфта
  • Инфрасохтор
    • Меҳмонхонаҳо
    • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
    • Тарабхонаҳо
    • Осорхонаҳо
    • Ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ
    • Чойхонаҳо
    • Хизматрасониҳои бонкӣ
    • Гестхоус Хомстей
    • Ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ
    • Зиёратгоҳҳо
    • Боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ
    • Мағозаи армуғонҳо
    • Маркази иттилоотӣ
  • Забонҳо
    • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
  • Без рубрики

Дар соли 2019 зиёда аз 13 ҳазор сайёҳон аз шаҳри Норак дидан намудаанд

27.01.2020 / admin / 0 Comments

Бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 истироҳатгоҳӣ замонавии “Пули сангин” расман мавриди истифода қарор дода шуд. Истироҳатгоҳ дар ҷамоати деҳоти Пули сангин дар майдони чор гектар бунёд шуда, бо беҳтарин шароити истироҳату фароғат барои шаҳрвандони мамлакат ва меҳмонон аз хориҷи кишвар муҳайё карда шудааст. Истироҳатгоҳ аз қабулгоҳ, бинои меҳмонҳона, ҳавзҳои шиноварӣ, се бинои истиқоматӣ, толори маҷлисгоҳ, ошхона, айвонхонаи истироҳатӣ дар соҳили дарё, майдончаҳои варзишии фудбол, волибол, баскетбол, тениси калон ва тениси рӯи миз толори сақобозӣ, ҳамом, мотосиклҳои гуногунҳаҷми обӣ, иподром бо аспҳои зоти хурд ва аробаҳои махсус, майдончахои бозии кӯдакон ва аз дигар марказҳои дилхуши иборат аст. Ҳавли ва роҳравҳои истироҳатгоҳ бо фаввораҳои чароғон, шаршараҳои сунъи бо дарахтони гуногуни нодин, гулу буттаҳои ороишӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ оро дода шудаанд, ки ба ҳар як инсон писанд меояд.

Дар заминаи тадбиқи “Барномаи рушди сайёҳӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2018-2020” бо дастгирии шуъъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон корҳои муаяне дар самти тарғиби имкониятҳои шаҳри Норак ташкил ва гузаронида шудаанд.

Дар соли 2019  13549  нафар меҳмонон ва сайёҳон ба  шаҳр ташриф оварда, ки аз онҳо 12207 нафар меҳмонону сайёҳони дохилӣ ва 1349 нафар меҳмонону сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Аз ҷумла ҷаласаи  Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак  санаи 2 июли соли 2019 баргузор гардида буд.                                                                                                                               

Инчунин, дар мавзеи “Дараи Пехо” истироҳатгоҳӣ тобистонаи кӯдаконаи “Офтобак ”фаъолият мекунад, ки зиёда аз 450 нафар хонандагонро дар мавсими тобистона фаро мегирад.

Ҳамарӯза ба шаҳри Норак аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ  ва кишвархои хориҷӣ меҳмонҳо ташриф меоваранд. Онҳо нахуст аз НБО  Норак ва сарбанди онро тамошо мекунанд. Инчунин, дар баҳри НОБ-и Норак истироҳатгоҳи замонавии “Аква клуб” фаъолият менамояд.

Санаи 19 марти соли 2019 дар доираи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки раиси вилояти Хатлон се адад иншоотҳои ҷашнӣ аз ҷумла, истироҳатгоҳи “Чашма” дар деҳаи Туғмазори Ҷамоати деҳоти Дуконӣ, бинои толори варзишӣ ва майдончаи варзишии кӯдакона мавриди истифода қарор дода шуд.

Бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои 1,2,10,12-и нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани  солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” тақвият бахшидан ва рушд додани  соҳаи сайёҳии шаҳр дар назди терминали ҶДММ “Бурс”-и харитаи сайёҳӣ насб карда шуда, гӯшаи иттилотӣ дар осорхонаи “Дустии халқҳо” таъсис дода шудааст. Инчунин, буклет наворҳои видеоӣ омода карда шудааст. 

        Санаи 26 июни соли 2019 бахши ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд.

Санаи 29 июни соли 2019 даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ барпо гардид.

Добавить комментарий Отменить ответ

Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.

« Семинари омӯзишӣ оид ба бехатарии сайёҳон
Пешрафти соҳаи сайёҳӣ давоми соли 2019 дар шаҳри Бохтар »

Ҷустуҷӯ

Хабарҳои охирин

  • Program of the International Tourism Forum and Exhibition «Welcome to Ancient Khatlon» 20.02.2024
  • ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ МАРҲАБО БА ХАТЛОНИ БОСТОН TOURISM FORUM AND EXHIBITION WELCOME TO ANCIENT KHATLON 20.02.2024
  • Натиҷагирии фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 09.01.2024
  • Achievements of the tourism sector of the Khatlon region 18.12.2023
  • Мақбараи Мавлоно Қутбиддини Нишопурӣ/Мавзолей Мавлоно Кутбиддина Нишопури/Mausoleum of Mavlono Qutbuddin Nishopuri 04.12.2023

Хазина

  • Февраль 2024 (2)
  • Январь 2024 (1)
  • Декабрь 2023 (2)
  • Ноябрь 2023 (5)
  • Октябрь 2023 (9)
  • Сентябрь 2023 (7)
  • Август 2023 (2)
  • Июль 2023 (13)
  • Май 2023 (5)
  • Апрель 2023 (1)
  • Март 2023 (30)
  • Февраль 2023 (21)
  • Январь 2023 (16)
  • Декабрь 2022 (8)
  • Ноябрь 2022 (7)
  • Август 2022 (9)
  • Июль 2022 (4)
  • Апрель 2021 (11)
  • Март 2021 (8)
  • Июль 2020 (4)
  • Июнь 2020 (6)
  • Апрель 2020 (2)
  • Март 2020 (2)
  • Февраль 2020 (2)
  • Январь 2020 (2)
  • Октябрь 2019 (3)
  • Июль 2019 (3)
  • Июнь 2019 (6)
  • Май 2019 (3)

Бахшҳо

  • Без рубрики
  • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
  • Мавзеҳои сайёҳӣ
  • Тарабхонаҳо
  • Чойхонаҳо

© 2019 Шуъбаи рушди сайёҳӣ.