Дайри буддоии Аҷинатеппа аз маркази ноҳияи Вахш 11 км дур дар ҷамоати шаҳраки Киров воқеъ буда, харобаи ёдгориҳои дини буддои нимаи асри VII ва ибтидои асри VIII мебошад.
Соли 1959 дар масфаи 3 км аз тарафи олим Т.И. Зеймал кашф гардидааст.Соли 1960 ҳафриёти аввалин гузаронида шуд. Аз соли 1961 отряди Экспедитсияи архиологии Тоҷикистони Ҷанубӣ таҳти роҳбарии Б.А. Литвинский ва Т.И. Зеймал татқиқот мебарад.
Аҷинатеппа, яъне, теппаи ҷинҳо меномиданд. То солҳои 50 — ум ақидае буд, ки гӯё то ҳол дар он ҷо ҷинҳо сукунат доштанд ва гоҳҳо шабҳо ба ҷилва меомаданд. Дар вақти боронгарӣ сару рӯйи яке аз онҳо намудор шуда, боиси тарсу ваҳми мардум мегашт. Касони боҷуръаттари атеист кӯшиш мекарданд, ки байни онҳо дароянд, вале аз дидани ғорҳои бешумор ба тааҷҷуб афтода, аз роҳи худ мегаштанд. Шабҳо дар он ғорҳои бешумор гургону шағолон ҷой гирифта, нӯла кашида, мисли хандаи одамӣ садоҳо мебароварданд. Вале онро мардуми атроф овози ҷинҳо мепиндошт. Оқибат, олимони бостоншиноси Академияи илмҳо ба ҷустуҷӯ оғоз карданд.
Маълум гашт, ки ин теппаҳои пурасрор, дарвоқеъ пур аз ҷинҳо будаанд. Вале на дар шакли ҷисми зинда, балки ҳайкалҳои аз сангу гаҷу гил офарида. Дар асрҳои аввали мелодӣ Кушониён дар айни авҷи кеши зардуштия ва митропарастӣ дини буддоиро аз Ҳиндустон оварда, ба Чин ва дигар кишварҳои Осиёи ҷанубӣ паҳн намуданд. Бо ин сабаб, муҷассамаҳои зиёде оварданд ва дар маҳалҳо ба бунёди онҳо шурӯъ намуданд. Ин кеш ба як қисми мардум писанд наомад ва азбаски дар фалсафаи он унсурҳои зиёди нимафсонавӣ чун ҷину ҷинзодаҳо, маъбуду мавҷудоти ғайримоддӣ ҷой доштанд, сокинони маҳаллӣ муҷассамаҳоро бо мазаммат ҷину аҷина гуфтанд. Бостоншиносон пас аз андаке ҷустуҷӯ нахустин «ҷинҳо» — муҷассамаҳои на чандон калони зану мардҳои зеборо пайдо карданд. Ҳисоби онҳо аз якуним ҳазор адад беш будааст. Пас аз истилои арабҳо ҳама тамаддуни тоисломиро моли даврони ҷоҳилия ва макруҳ эълом намуданд. Пас аз ин, вожаҳои буддоӣ аз ёди мардум фаромӯш шуданд, вале унвони халқ «кеши ҷину парӣ» боқӣ монд. Пас аз ҳазор сол, албатта, касе гумон ҳам карда наметавонист, ки дар ин теппачаҳои назарногир дар байни майдонҳои пахтазор санъати деринаи олӣ вуҷуд дошта метавонад.
То соли 1973 Аҷинатеппа пурра тасдиқ шуд. Аҷинатеппа бинои росткунҷаест, ки вусъаташ 100×50 метр, баландиаш 6 метр аз ду қисми бо роҳрав пайваста иборат аст, ки шартан “дайр” ва “маъбад” номида шудаанд. Иморати ҳар як қисми бино аз рӯи тарҳи иморатсозии чорайвона бино ёфтааст. Бино аз похса ва хишти хом таҳкурсии он аз хишти пухта сохта шудааст. Фарши ҳуҷраҳои рӯи ҳавли ва девори биноҳои ибодатгоҳ бо хишти пухта рӯйкаш шудаанд. Равоқҳо камбар аз биноҳо гумбазнок буданд. Дар маркази ними “дайр” ҳавлии чоркунҷае ҳаст(19×19), ки дар атрофи он хуҷраҳо, ибодатгоҳ, толор биноҳои хоҷаги ҷой гирифтаанд. Ҳамаи ин биноҳоро роҳрав байни худ мепайвандад. Ороиши меъмории ибодатгоҳи дайр мураккаб, шифту девор, нақшу нигор муҷассамаи бисёр дошт. Дар яке аз роҳравҳо муҷассамаи 12 метраи якпаҳлуи хобида буддо ва дар такчаҳо муҷассамаи хурди буддоҳои нишаста ёфт шудаанд. Муҷассамаи мазкур айни замон дар намоишгоҳи осорхонаи Бостоншиносии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шудааст. Муҷассамаҳо аз гил сохта рангубор дода шудаанд.
Тасвироти Аҷинатеппа дар асоси анъанаҳои наққошии ҳамонзамонаи Осиёи Миёна ба ҷо оварда шудааст. Нақши иблис, роҳиб ва одамони оддӣ низ ҳастанд. Дар вақти ҳафриёти Аҷинатеппа бисёр бозёфти шайъи: сафол, мануоти шишагӣ ва фузулӣ, тангаҳо ёфт шудаанд. Хусусан тангаҳо ҷолиби диққатанд. Аҷинатеппа тақрибан 100 сол вуҷуд дошт ва дар солҳои 40-уми асри 8 дар дар рафти истилои Арабҳо тадриҷан Хароб гардид. Ҳафриёти Аҷинатеппа аҳамияти калони илмӣ дорад. Аҷинатеппа нахустин ёдгории буддоӣ дар Осиёи Миёна аст, ки пурра тадқиқ карда шудааст.
Ajinateppa Buddhist Monastery is located in 11 kilometers far from the center of Vakhsh district in the township of Kirov, and is a ruin of a Buddhist area of the mid-seventh and early eighth centuries.
It was discovered in 1959, at a distance of 3 kilometers, by the scientist T.I. Zeimal. In 1960, the first excavations were carried out. From 1961 a group of the Archaeological Expedition of Southern Tajikistan led by B.A. Litvinsky and T.I. Zeimal conducted the research.
It was called Ajinateppa, the hill of demons. Until the 1950s, it was thought that demons still lived there, and sometimes appeared at night. During the rain, the face of one of them appeared, causing fear and panic among the people.
The more courageous atheists tried to enter, but were astonished to see countless caves and turned away. At night, wolves and jackals roamed the countless caves, howling and making human laughter. But the people around thought it was the voice of demons. Eventually, archaeologists from the Academy of Sciences began a search. It turned out that these mysterious hills were, in fact, full of demons. But not in the form of a living body, but sculptures made of stone and clay. In the first centuries AD, at the height of Zoroastrianism and Metropolitanism, the Kushans brought Buddhism from India and spread it to China and other South Asian countries.
For this reason, many monuments were brought in and construction began on them locally. Some people did not demons this cache, and because their philosophy contained many semi-mythical elements such as demons and devils, gods and intangible beings, the locals denounced the statues as demons and ghosts. After a short search, archaeologists found the first «demons» — small statues of beautiful men and women. Their number was more than one and a half thousand.
After the Arab conquest, they declared all pre-Islamic civilizations to be the property of ignorance and disgusting. After that, the Buddhist words were forgotten, but the the people saying about «demons and ghosts” remained.
By 1973, Ajinateppa was fully explored. Ajinateppa is a rectangular building 100 to 50 meters wide and 6 meters high, consisting of two parts connected by a corridor, conventionally called «monastery» and «temple». The architectural decoration of the monastery was intricate, with ceilings, walls, and many sculptures. A 12-meter-tall statue of a sitting Buddha was found in one of the corridors. The monument is currently on display at the Republican Archaeological Museum in Dushanbe. The sculptures are made of clay and painted.
During the excavations of Ajinateppa many artifacts were found: pottery, glass and iron, coins. Coins are especially interesting. Ajinateppa existed for about 100 years and was gradually destroyed in the 1740s during the Arab conquest. Ajinateppa is the first