Бузи пармашох ё морхӯр яке аз намояндагони беназири ширхӯрони сумдори кӯҳии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин бузи кӯҳии зебо ва хушандомро шохҳои ғайримуқаррарии печутобхӯрда зеб мебахшанд ва сабаби бузи пармашох ном гирифтани он низ ба ҳамин вобаста аст. Морхӯр аҷдоди наздики бузҳои хонагӣ ба шумор меравад.
Дар Тоҷикистон морхӯр ба таври хеле маҳдуд паҳн гардида, танҳо дар қисмати ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Дарвоз, қаторкӯҳи Ҳазратишоҳ, қисмати ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Вахш (кӯҳҳои Сарсарак) вомехӯрад. Берун аз ҳудуди Тоҷикистон дар Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон ва қаторқӯҳи Кугитанг, ки дар сарҳади ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон ҷойгир аст, сукунат менамояд.
Бузи пармашоҳ сокини хоси нишебиҳои кӯҳӣ буда, бештар дар нишебиҳое, ки дорои дараҳои чуқур мебошанд ва дар онҳо растаниҳои буттагиву дарахтии сирак месабзанд, сукунат мекунад. Дар Тоҷикистон дар баландиҳои аз 500 то бештар аз 2700 метр аз мавсимӣ зоҳир менамояд. Зимистон ҳангоме, ки дар минтақаҳои болоии кӯҳӣ ҳаво сард мегардад, ба минтақаҳои поёнӣ мефарояд. Одатан аз ҷойҳои сербарфи кӯҳӣ дурӣ меҷӯяд.
Бузи пармашох андоми бузург дорад. Дарозии бадани он ба 140-170 см мерасад. Вазни ҷинсҳои болиғи нарина 80-120кг ва вазни ҷинсҳои модина 40-60 кг ташкил медиҳад. Дарозии шохи ҷинсҳои нарина болиғ то ба 100 см мерасад. Аз рӯйи андоза ҷинсҳои нарина аз ҷинсҳои модина дида ҷуссаи хеле калон доранд.
Узвҳои биноӣ ва шоммаи бузи пармашох хуб инкишоф ёфтааст. Морхӯр дарандагонро сари вақт пайхас намуда, дар ҷойҳои бехатар паноҳ мебарад.
Ғизои асосии бузи пармашох растаниҳои алафӣ, асосан ғалладонагиҳо ба шумор мераванд. Шоху барги тозаи растаниҳои буттагӣ таркиби асосии ғизо морхӯрро ташкил медиҳанд. Зимистон навда шохчаҳои ҷавони дарахтони дӯлона, бодом ва фаркро ғизо мегирад.
Баробари дигар ҳайвоноти сумдори кӯҳӣ барои морхӯр тарзи ҳаёти ҷамоавӣ хос аст. Ҷуфтшавии бузи пармашох аз нимаи моҳи ноябр оғоз гардида, то моҳи январ идома меёад. Дар охири фасли зимистон вақте ки давраи таваллуд шудани бузичаҳо наздик мешавад, ҷинсҳои наринаи калонҷусса ҷинсҳои модинаро тарк менамояд ва ба ин васила диққати дарандагонро аз ҷамоа дур месозанд. Давраи ҳомиладорӣ то 5 моҳ идома меёбад. Баҳорон морхӯр 1-2 бузича таваллуд мекунад.
Шумораи умумии бузи пармашоҳ дар Тоҷикистон тақрибан 1800 сарро ташкил медиҳад. Омили асосии маҳдуд гардидани саршумораи бузи пармашоҳ дар Тоҷикистон ғӯрукшиканӣ ба шумор меравад. Афзудани саршумори чорвои хурди шохдор, буридани ҷангалзор, хавфи сироят ёфтани морхӯр аз касалиҳои гузаранда тавассути бузҳои хонагӣ ва истифода бурдани мавзеъҳои аслии сукунати он ба сифати чарогоҳ ба ҷамоаи морхӯр таъсири манфӣ мерасонанд.
Бузи пармашох ҳамчун намуди зери хатари маҳвшавӣ қарордошта ба Рӯйхати сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва Китоби сурхи Тоҷикистон дохил карда шудааст. Ин намуд ба муҳофизати ҷиддӣ эҳтиёҷ дорад. Барои дар оянда беҳбудӣ бахшидани шароити зисти морхӯр дар табиати кишварамон зарур аст, ки муборизаро бар зидди ғӯруқшиканӣ пурзӯр намуда, пеши роҳи буридани бенизоми ҷангал дар муҳити сукунати он гирифта шавад ва таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба ҳифзи ин намуди нодир ҷалб карда шавад.
Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.