Имсол Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии «Ҳулбук»-ро 835 нафар меҳмонон тамошо намуданд, ки 115 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ ва 720 нафарашон дохилӣ мебошанд.
Таърихи қалъа
Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, Қалъаи Ҳулбук ба асрҳои X – XI мансуб мебошад. Вале ҳафриёти минбаъда собит намуд, ки қалъа дар болои иншооти қадимтаре сохта шудааст, яъне вай аслан хеле пеш, шояд ҳазор сол қабл, дар аҳди Кушониён бино гашта, дертар таъмиру тармим шуда, ниҳоят, дар шакли хеле пурвусъат аз нав сохта шуд.
Қалъаи бостонии Ҳулбук аз дигар иншооти қадимӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Аксар вақт чунин бошишгоҳҳои мустаҳкамро дар буни кўҳ ё дар баландии даромадгоҳи шаҳрҳо месохтанд ва онҳо аҳамияти мудофиавӣ доштанд. Аммо қалъаи Ҳулбук дар ҷойи ҳамвор сохта шуда, манзалати он чун пойтахти вилояти бузурге шинохта шудааст. Аз ин ҷост, ки дар Ҳулбук бозёфтҳои дорои таъйиноти ҳарбӣ хеле кам ба назар мерасанд ва баръакс, дар он тамоми нишонаҳои шаҳри мутамаддин мавҷуд аст: деворҳои қалъаро меъморони қадим бо хишти хом бардошта, сипас бо хишти пухта рўйкаш намудаанд. Ҳонаҳои зиёди қалъа калону барҳаво буда, бо долон ба ҳам пайваст мешаванд, фарши он бо хишти пухтаи ҷилодор ороста шудааст. Деворҳои аксари утоқҳо бо тасвири манзараҳои нотакрор- табиати зебо, симои ҷанговарон, навозандагону раққосаҳои хушхиром, асбоби алоҳидаи мусиқӣ басо ҷолибу нотакрор буданд. Инчунин кошинкорӣ ва кандакорӣ бо гаҷ ба кулли кох ҳусни аҷибе мебахшид. Ин ҳама дар навиштаҷоти муаррихони қадим дучор мегардад.
Сабаби дар ҳамворӣ бино гаштани Ҳулбук он аст, ки дар минтақаи сероби водӣ –дар назди рӯдҳои Окс (ҳоло Оқсу ва Ёхсу) ва аз лиҳози давлатсозӣ мутараққӣ- дар маркази роҳи корвонгузари Шоҳроҳи Абрешим қарор дошт ва корвонҳои зиёд аз тамоми давлатҳои масири абрешим – Чин, Ҳинд, Пешовару Қандаҳор, Эрону Рум аз ин ҷо мегузаштанд, дар ин ҷо муддате истироҳат карда, сипас роҳи худро ба Ҳисору Самарқанду Бухоро идома медоданд. Ва ё баръакс, пеш аз баромадан ба минтақаи биёбону кӯҳистон дар ин ҷо озуқаи зарурӣ мегирифтанд. Албатта, тавассути роҳи барои тоҷирон кушодаи байни давлатҳо корвонҳои бузург чун ҳамеша баробари амволу сарват, инчунин оромӣ ва шодӣ меоварданд, мубодилаи судманди фарҳангии халқҳои гуногун сурат мегирифт. Аз ин ҷост, ки дар Ҳулбук осори тамаддуни чаҳор империяи қадим – Чин, Бохтар ва Руму Эрон боқӣ мондааст.
Мавқеи ҷуғрофии Ҳулбук
Ҳулбуки бостонӣ дар ноҳияи Восеъ, дар шафати роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб қарор дорад. Восеъ ноҳияи куҳанбунёд буда, дар он 18 мавзеъ ва осори меъморӣ-таърихӣ мавҷуд мебошад. Аз ҷумла, қалъаи Ҳулбук, Манзартеппа, Қайнар, мавзеи Ғелот ва ғайра аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ин мавзеъҳои таърихӣ барои сайёҳони ватаниву берунӣ, ҳаводорон ва омӯзандагони таърих дастрас мебошанд.
Ҳулбук дар ЮНЕСКО
Шаҳри Ҳулбук мероси фарҳанги моддӣ ва маънавии на танҳо халқи тоҷик, балки ҷаҳон ба шумор меравад. Маҳз ҳамин сифатҳои волои шаҳри Ҳулбук буд, ки моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Сиан-пойтахти фарҳангии давлати Чин дар қатори 8 ёдгории беназири халқи тоҷик он ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим-и ЮНЕСКО ворид гардид.
Маҳз ба хотири бузургдошт ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва маданияти қадими шаҳрсозии ниёгон ва эҳё намудани ҳисси баланди миллӣ-ватандорӣ, ки бевосита аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии Ҳулбук бо Осорхонаи Ҳулбук дар пойгоҳи шаҳри Ҳулбук таъсис дода шудааст. Он баҳри пешрафти таъриху фарҳанг дар замони соҳибистиқлолӣ дар арсаи ҷаҳон такони ҷиддӣ ба шумор меравад.
Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.