Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиев дар масоҳати 1,20 гектар замин бо дарназардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст.
Дар ҳудуди иншоот барои дӯстдорони соҳаи варзиш майдончаи муосири варзишӣ сохта шудааст, ки дар он барои тамрини бозии футбол шароити зарурӣ фароҳам оварда гардидааст.
Дар боғи фарҳангию фароғатӣ 2 адад атраксион, ҷойи бозӣ барои кӯдакон дар масоҳати 4000 метри мураббаъ бо тамоми шароитҳои зарури бунёд гардида, иншоот ба макони асосии истироҳату фароғати сокинон ва кӯдакон табдил ёфтааст.