Маълумоти мухтасари таърихӣ.
Маркази маъмурии вилояти Хатлон -шаҳри Бохтар дар соҳили чапи дарёи Вахш (дар баландии 428 м. аз сатҳи баҳр) воқеъ гашта, масоҳати шаҳр 0,006км2 ва аҳолиаш 105 400 нафарро ташкил медиҳанд. Бохтар асрҳои I –IV дар аҳди Кӯшониён ба вуҷуд омада, Леваканд ном доштааст. Реша ва маънои ҷойноми Левакандро дар забонҳои суғдӣ ва балхӣ бояд ҷуст. Бахши нахусти ин ҷойном — «лева-» дигаргашта аз вожаи балхии «дева-» ба маънии «эзид» аст ва бахши дувум – «-канд», яқинан бозмондаи вожаи авестоии *kanθā- kand ба маънои ободӣ ва шаҳр аст ки дар гузашта дар номгузории шаҳру рустоҳои Тоҷикзамин корбурди фаровон дошта ва дар номи Мароканд (Самарқанд), Пайканд, Панҷиканд, Хуҷанд, Чимканд, Вобканд ва Хӯканд омадааст. Аз ин додаҳо чунин бармеояд ки маркази кунунии вилояти Хатлон пешинаи 2000-сола дорад ва беш аз 1300 сол Леваканд ном доштааст. Муайян карда шудааст, ки теппаи таърихии шаҳр табиӣ набуда, бо дасти инсон, яъне бо роҳи сунъӣ ба вуҷуд омадааст.
Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ.
Бохтар дорои мавзеъҳои ҷолиби сайёҳист. Дар ин миён теппаи ба таври сунъи сохташуда, наҳрҳои Ҷӯйбору Бибихонум, муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, муҷассаммаи трактор ҳамчун рамзи рушди кишоварзӣ, лавҳаи азхудкунии заминҳои водии Вахш, манораҳои Парчам ва Нишони давлатӣ аз ҷумлаи маъруфтарин мавзеъҳо ба ҳисоб мераванд. Шаҳри Бохтар бисёр боду ҳавои фораму дилнишин дошта, дар баробари ин дорои ҷойҳои истироҳатӣ низ мебошад, ки чанде аз маъмултарини онҳоро метавон номбурд. Аз ҷумал, боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Бохтар, боғи ба номи Раҳмон Мурча, боғу гулгашти назди осорхонаҳои Бохтар ба номи «Бибихонум» ва боғи ғалабаи халқҳо бар зидди фашизм, инчунин «Оташи абадї» аз зумраи мавзеъҳои гаштугузори шабонаву рӯзона мебошанд.
Инфрасохтори хизматрасонӣ.
Дар шаҳри Бохтар барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.
Аз ҷумла вобаста ба хизматрасонии нақлиётӣ бояд гуфт, ки дар шаҳри Бохтар Фурудгоҳи байналмиллалӣ, Истгоҳи роҳи оҳан ва терминали мусофирбарӣ фаъолият мекунад. Инчунин, хатсайри нақлиётӣ бо нархҳои арзон ба тамоми гушаву канори шаҳри Бохтар ва берун аз он мавҷуд мебошад. Ҳамзамон, ба ғайр аз он, ки дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳо камаш 5 мағозаи савдои молҳои омехта мавҷуд аст, инчунин 3 бозори калон (бозори марказии “Фаровон ”, бозори “Ҳоҷи Шариф ”, бозори “Нихи ”) дар хизмати сокинон ва меҳмонон қарор доранд. Дар ин бозорҳо савдогарон аслан ба фуруши либос, хӯрока, маҳсулотҳои кишоварзӣ, маҳсулотҳои сохтмонӣ, фуруши автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётии он ва дигар ашёи ниёзи мардум машғул мебошанд.
Имрӯз дар ин росто метавон аз чунин муассисаҳои калони фарҳангӣ ном бурд: Театри ба номи Ато Муҳамадҷонов, Кинотеатри ба номи А. Лоҳутӣ, Маркази фарҳангии ҷавонон ва ғайра.
Майдонҳои варзишии шаҳри Бохтар «Пахтакор» ва «Ҷавонон» ҳастанд, ки дорои майдони футбол, машқҳои гимнастикӣ ва ҳавзи шиноварӣ ҳастанд. Дар шаҳри Бохтар ҳафт меҳмонхона “Қӯрғонтеппа”, “Рамз ”, “Истиқлол”, “Бохтариён ”, “Мафтуна ”, “Само ” ва “Сайёд ” фаъолият мекунад, ки бо тамоми шароиятҳои муосир таъмин мебошанд. Дар шаҳри Бохтар шаш ҳаммоми ҷамъиятӣ мавҷуд мебошад.
Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.