Имрӯз дар бинои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, густариш бахшидани хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ озмуни «Беҳтарин субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Озмун аз рӯи 5 номинатсия “Беҳтарин ширкати сайёҳӣ”, “Беҳтарин тарабхона”, “Беҳтарин меҳмонхона”, “Беҳтарин роҳбалад” ва “Беҳтарини сомона дар соҳаи сайёҳӣ” доир гардида, ки дар он намояндагони субъектҳои сайёҳии вилояти Хатлон иштирок варзида сазовори ҷойҳои намоён гаштанд.