Санаи 17-18 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони шаҳру ноҳияҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ семинарии омӯзишӣ оид ба «Расонидани ёрии аввалии тиббӣ ва бехатарии сайёҳон» бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ қайд гардид, ки субъекти фаъолияти сайёҳӣ ба сайёҳон оид ба хатархое, ки мумкин аст дар вақти сайёҳат ба онҳо дучор гарданд, иттилоъ медиҳад ва тадбирҳои огоҳкунандаро, ки ба таъмини амнияти сайёҳон равона шуда бошад, татбиқ менамояд. Ҳамчунин субъекти фаъолияти сайёҳӣ пеш аз сафарбаршавӣ ба ҷои хавфнок ва оид ба ҳодисаи фавқулоддае, ки бо сайёҳ дар вақти сайёҳат рух додааст, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, мақомоти корҳои хориҷӣ ва оилаи сайёҳро фавран огоҳ менамояд.