ноҳияи Ховалинг

ХОВАЛИНГ ДАР МОВАРОИ МИЛЛИОН СОЛ

Маълумоти мухтасари таърихӣ. Ховалинг як гӯшаи хушобу ҳавои Ватан — Тоҷикистони азиз аст. Диёри Ховалинг, ки марказаш дар таҳҷои шаҳри қадимаи Мунк (асарҳои 9-12) доман паҳн кардааст, аз замонҳои пеш бо таърихи бою боғановат, табиати дилфиреб, инсонҳои меҳмоннавоз, ҳунарманд, мардони ғаюр, паҳлавонони номӣ, адибонаш машҳур мебошад. Аз рӯи тадқикотҳои олимони бостоншинос Ховалинг яке аз марказҳои савдо ва фарҳангии Бухорои Шарқӣ буда, шоҳроҳи Абрешим аз он мегузаштааст. Сарзамини Ховалинг қадимтарин музофоти Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мебошад. Ин гӯшаи диёри тоҷикон таърихи якмиллионсоларо дар худ маҳфуз медорад ва барои илми ҷаҳонӣ чун маъхази бостоншиносӣ хизмат мекунад. Ховалинг аз марказӣ ҷумҳури ба самти ҷанубу ғарбии он дар масофаи 283 км, ба марказӣ вилоят — шаҳри Қурғонтеппа, 265 км, ба шаҳри Кӯлоб ба масофаи 70 км дар баландии 1500м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Масоҳати умумии ноҳия 178,8-ҳазор гектар буда, 50 ҳазор аҳолӣ дорад. Ховалинг ба шаҳру навоҳии Кӯлоб, Балҷувон, Муъминобод, Тавилдара ҳамсарҳад аст. Аз баландиҳои Ховалинг дарёчаҳои Оби мазор, Оби тира ва Яхсу сарчашма гирифта, ба самти водӣ — Кӯлоб ҷорӣ мешавад.

Иқлими Ховалинг субтропикӣ буда, ҳарорати миёнаи ҳавои фасли тобистон аз 30 то 35 дараҷа гарм ва замистон то 15 дарача хунук мешавад. Фаслҳои сол дар Ховалинг дар ҳар деҳу дара новобаста ба сатҳи он ҳар хел огоз мегардад. Ховалинг диёри офтобӣ, хушманзар буда, дар чор фасли сол табиати зебо ва дилкаш дорад. Ҳамин аст, ки забоншиносону муаррихон вожаи Ховалингро «Хварамунка», яъне Мунки офтобӣ маънидод намудаанд.

Ноҳияи Ховалинг 23 ноябри соли 1930 бо қарори КИМ РСС Тоҷикистон аз нав таъсис дода шудааст. 6 июни соли 1958 ноҳияи Ховалинг барҳам дода шуда, сокинони аксар деҳаҳо ба таҳдашт барои азхудкардани заминҳои бекорхобида кӯчонида мешаванд.

Моҳи марти соли 1983 ноҳия бори дигар таъсис дода мешавад. Сокинони ноҳия ба урфу одат ва дигар хислатҳои ҳамида: хушгуфторӣ, меҳмоннавозӣ, маҳсули ҳунарӣ, дасти кушода нисбати ятимону бепарасторон, майдондорӣ, ҳифзу нигоҳдории боигариҳои табиат ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, таваҷҷуҳ ба шеъру шоирӣ аз дигар бошндагони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ фарқ мекунанд.

Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ. Дар ноҳия мавзеъҳои зиёди таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ мавҷуд аст, ки диққати ҳар як сайёҳро ба худ чалб менамояд. Ҳусни манзараву боғистонҳо, чашмасорон, шукуҳи Ҷилчанор, Мамнуъгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, Хоҷа Аюби Ансорӣ, Авлиёи Зелолак, мавзеъи чашмаи Қазаған, чашмаи Сурхсақова (мавзеъе, ки Қаҳрамони халқи тоҷик – Восеъ гулхан афрухта, мардумро алайҳи зулму бераҳмии Манғитиён ба шуриш даъват намудааст), чашмаи Зардпарвин, Санги рама, чашмаи Шӯр, Крушак, Замбӯрак, Чӯрак, чашмаи Ҳикмат, Мағфират, Раҳмат, Мурод, Шифо, ки ба чандин дардҳо давоанд, манзараҳои нотакрору дилфиреби Дашти мешу Уштурчаро (дар ин мавзеъ баҳор қариб якмоҳ аз Ховалинг дертар меояд), гулҳавзҳои ҳудуди деҳаи Доробию Шехмезон, ёдгориҳои таърихию фархангӣ — зодгоҳи Восеъи каҳрамон-Дараи Мухтор, бошишгоҳҳои одамони асри санг дар деҳаҳои Кӯлдара, Хонақои Севодара, сангтудаҳо, ёдгориҳои бостонии шаҳри Мунк, маъбади Буддоӣ деҳаи Чепол (Чепивол), Қалъаи Бегим, Мамнуъгохи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ ба ҳар як бинанда таассуроти амиқ мебахшад…

Дар бораи ҳар як мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва табиии дар боло зикр гардида дар байни мардум қиссаву ривоятҳои зиёде мавҷуд аст, ки барои ҳар як шунаванда ҷолиб мебошад. Мардум дар бораи Чилчанор чунин ривоятҳоро нақл мекунанд: Ҳокими Хатлонро дар ҷойи Чилчанор куштанд. Писар ӯ баъди чандин сол ҳокими ин сарзамин мешавад ва ба хотири бузургдошти падараш ин чинорҳоро мешинонад. Чилчанор хосияте дорад, ки ҳар боре онҳоро шуморӣ як рақам намебарояд.

Инфрасохтори хизматрасонӣ. Ноҳия дорои терминали мусофиркашонӣ, меҳмонхона, бозору мағозаҳо, иншооти фарҳангиву маишӣ ва дигар шароитҳои зарурӣ мебошад.

Касбу ҳунарҳои мардумӣ. Дар ноҳия касбу ҳунарҳои зиёде дар ҳолати рушд қарор доранд, ки онҳо таваҷҷуҳи сайёҳонро ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик ҷалб намуда, аз онҳо чун армуғон харидорӣ менамоянд. Аз он ҷумла метавон аз ин ҳунарҳо ном бурд: қамчинбофӣ, дутортарошӣ, намадбофӣ, рафидадӯзӣ, заргарӣ, чакандӯзӣ сабадбофӣ, табақтарошӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ, ҷӯроббофӣ, оҳангарӣ, қолинбофӣ ва ғайра. Вижагиҳо. Нахуст Ховалинг бо гузаштаи миллионсолаи худ, ки бостоншиносон муайян кардаанд, беназир аст. Дар ин ҷо ҳатто бошишгоҳи одамони асри сангро пайдо кардаанд, ки дар ҷаҳон камназир мебошад. Ҳамзамон, мавзеъи Чилчанори Ховалинг аз ҷиҳати табиӣ беҳамто аст. Инчунин, Ховалинг зодгоҳи Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ мебошад, ки бар зидди манғитиҳои ғосиб қиём карда буд ва хонамузею қадамҷояш дар зодгоҳаш мавҷуд аст. Аз таомҳо “Кочӣ” хуроки хоси мардуми ноҳияи Ховалинг аст, ки ба худ таърихи хос дорад.