ноҳияи Фархор

ФАРХОР ВА ПАНҶ ҲАЗОР СОЛИ ТАМАДДУНОФАРӢ

Маълумоти мухтассари таърихӣ. Ноҳияи Фархор 30-ноябри соли 1930 таъсис ёфтааст. Ноҳия дорои 10 ҷамоат мебошад, аз он ҷумла, 1 ҷамоати шаҳрак ва 9 ҷамоати деҳот. Ноҳияи Фархор дар тарафи ҷанубу шарқи ҷумҳурӣ ва ҷанубу ғарбии вилояти Хатлон воқеъ гардидааст. Он аз шимол ба ноҳияи Данғара ва Восеъ, аз тарафи ҷанубу ғарб ба ноҳияҳои Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш ва аз тарафи шарқ ба ноҳияи Ҳамадонӣ, аз тарафи ҷануб бо ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад мебошад. Масоҳати Фархор 1,18 ҳазор километри квадратӣ буда, зиёда аз 163,7 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, ки 87,4 фоизаш тоҷикон, 12,1 фоизаш узбекон буда, 0,5 фоизашро дигар миллатҳо ташкил мекунанд.

Дар сарзамини Фархор осори бисёре аз гаҳи бостон мавҷуд аст ки куҳантаринашон аз асри санг бозмондааст. Аз осори садаҳои миёна дар ин сарзамин вайронаҳои Шӯртеппа ё Мазортеппа аст, ки 3 км шимолтар аз Фархори имрӯза ҷой доранд.

Сарзамини кунунии ноҳияи Фархор дар садаҳои миёна бахше аз вилояти таърихии Хуталон буд. Номи Фархор дар манобеъи садаҳои миёна ба гунаҳои «Форғар» ё «Борғар»  омада ва дар он замон сарзаминеро меномиданд ки миёни рӯдҳои Порғар и Ахшу ҷой дошт. Ин ҷойном дар асл «Порғар» буда, «Форғар» ва «Борғар» шакли арабишудаи ном аст. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» аз ҷойноми «Порғар» ёд мекунад.

Ноҳия асосан ба чор минтақа тақсим мешавад: паҳнкуҳҳои Олимтой, силсилаи қаторкуҳҳои Сиёҳ (Қаратов), теппаи Уртабуз ва ҳамвории байникуҳӣ, ки онро олимон водии Фархор, низ ном мебаранд.

Силсилаи Сиёҳкӯҳ аз ҷанубу ғарби ноҳия то ба шимолу шарқии он доман паҳн кардааст, ки тақрибан 75 фоизи масоҳати ноҳияро ташкил медиҳад. Дар ин қаторкуҳҳо дарахтони писта, бодом, шулаш, қарағоч ва дигар гиёҳҳои яксола ва бисёрсола мерӯянд. Қуллаи ниҳоии он Шоҳи Аҳтам буда, аз сатҳи баҳр 800-1500 метр баланд аст.

Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ. Ноҳияи Фархор бо таърихи зиёда аз 5000 ҳазорсолаи худ кайҳо диққати сайёҳонро ҷалб намуда, дар он то имрӯз садҳо ёдгориҳои таърихӣ ошкор шудааст. Аз он ҷумла мавзеъи таърихии Саксанохур, ки солҳои 1966-1967, 1973-1977 аз тарафи бостоншиносони Иттиҳоди Шуравӣ Б. А. Литвинский, Х. Ю Миҳиддинов омӯзиш гузаронида шудааст. Сокинони ҷамоат онро ҳамчунин Шафтолутеппа низ меноманд. Аз ин мавзеъи таърихӣ бозёфтҳои нодирӣ таърихи ёфт шудааст, ки ба замони Юнону Бохтар рост меояд. Ҳамчунин, шаҳри дигари қадимии Фархор, ки то ҳол пурра омӯзишҳои бостоншиносӣ гузаронида нашудааст – ин Шуртеппа мебошад, ки дар қисми шарқии ноҳия дар масофаи се километр аз маркази ноҳия ҷойгир аст. Тибқи ақидаҳои олимони соҳа Шуртеппа гӯё замоне маркази давлати Юнону Бохтар будааст. Ашёҳои қадимии ёфтшуда ва боқимондаҳои деворҳои паҳн ва сутунҳои бузургҳаҷм, ки дар ин мавзеъ ёфт шудааст бозгӯйи он аст.

 Ба ақидаи бостоншиносон Фархор дар тули мавҷудияти худ боррҳо зери об мондааст. Маҳз ба ин хотир мардуми ин минтақа дар теппаву баландиҳо зиндагӣ мекарданд ва ҳатто мурдаҳояшонро дар теппаҳо мегурониданд. Боиси қайд аст, ки тамоми мавзеҳҳо ва ёдгориҳои таърихии ёфт шуда аз ноҳияи Фархор дар теппаю баландиҳо ҷойгир аст. Ба монанди Шуртеппа, Шаҳртеппа, Тамошотеппа, Қараултеппа, Қалъаи пушқоқ, Ҷайралитеппа, Макони морон, мавзеъи Урутабуз, Ғайбшаҳид, Саксанохур ва ғайраҳо. Инчунин, муҳаққиқи тоҷик соли 2003 аз деҳаи Бобосафол тобутеро пайдо кард, ки ба ақидаи ӯ он ҳатто дар Мисри Қадим низ истифода мешуд. Дар он ашхоси воломақоми мумиёшударо мегӯронданд. Тобути ёфтшуда, ки аз он табангук, танбар ё табангӯр ном мебаранд, дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Ин ва бозёфтҳои дигари бостонии шаҳраки Фархор барои сайёҳон хеле ҷолиб аст. 

Инфрасохтори хизматрасонӣ. Дар ноҳияи Фархор Чойхонаи миллӣ, боғи фароғатӣ, меҳмонхона, тарабхонаҳои бошукуҳ, осорхонаи таърихӣ, осоишгоҳи табобатию курортии «Насими Фархор», боғҳои мевадиҳанда барои барои ҷалби сайёҳон ва истироҳати онҳо шароити мусоид ҳаст. Ноҳия дорои терминали мусофирбарӣ, меҳмонхона, бунгоҳҳои тиббӣ, бозору фурушгоҳҳо ва дигар шароитҳои зарурӣ мебошад.

Касбу ҳунарҳои мардумӣ. Дар ноҳияи Фархор касбу ҳунарҳои мардумӣ аз қабили қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, чакандӯзӣ, адрасбофӣ, пазандагӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ ва ғайра рушд кардааст.

Вижагиҳо. Ноҳия дорои қадимтарин ёдгориҳои таърихӣ мебошад, ки аз асри санг ибтидо мегиранд. Яке аз онҳо мавзеи таърихии Золи Зар (Падари Рустами Дастон) ва дигаре Саксанохур буда, назирашон дар ҷаҳон вуҷуд надорад. Муҳимтарин вижагии Фархор он аст, ки агар кадом гӯшае аз онро чанд метр поён биканӣ ҳатман кадом як осори таърихӣ пайдо мешавад. Ҳатто сокинон ҳангоми зироаткорӣ дар ҳавлиҳояшон хумҳои семетраву кӯзаву сафолпораҳои гуногун ёфтаанд. Ҳатто дар натиҷаи чунин кундуковҳо аз фархор часади ҳайвонеро пайдо кардаанд, ки ба шакли диназаврҳои аҳди қадим сахт монандӣ дорад.

Ин ошиқи дилсӯз бад-ин ҷойи сипанҷӣ,

Ҳамчун санами чинӣ бар сурати Фархор.